Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар ҳодисаи нохуши нақлиётӣ

20-уми январи соли 2018, тахминан соати 07:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗЕЛ”, Раҷабов Саидакбар Олимҷонович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати Сарикиштии деҳаи Навбаҳори ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, таҳти идораи ронанда, Амиров Азамат Шавкатович, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Маҳмадшои-болои ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107” Қарақулов Шавкат Амирович, соли таваллудаш 1966 ва Назарова Умриниссо Исмоиловна, соли таваллудаш 1973, сокинони деҳаи Маҳмадшои-боло ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ Қарақулов Ш.А. ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика