Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯиқасд ба куштор

45Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ноболиғ, духтари 17-солаи сокини шаҳри Турсунзода, хонандаи синфи 10-уми яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 17-уми январи соли 2018, тахминан соати 19:00-дақиқа, дар кӯчаи Шестопавлови шаҳри Душанбе, марди 24-солаи сокини пойтахт аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисми дилаш ва маротибаи дуюм ба қисми пушташ задааст. 

Дар натиҷа ноболиғ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Кормандони милитсия марди номбурдаро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти сӯиқасд ба куштор дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика