Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷилавгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар ҳама самтҳо

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор дар фасли сармо, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо супориши сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД дар якҷоягӣ бо нозирону муҳандисони гурӯҳи назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои пешгирикунанда доир карда шуд.

Аз он ҷумла, дар хонаҳои истиқоматии баландошёна, маҳаллаҳои аҳолинишин ва хобгоҳҳои донишҷӯёну муассисаҳои таълимӣ корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ, ҷиҳати риояи ҳатмии талаботи риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, истифодаи сарфакоронаю оқилонаи нерӯи барқ, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани воситаҳои авалиндараҷаи оташнишонӣ, инчунин бобати боз ҳам баландтар бардоштани малака ва сатҳи дониши дружинаҳои идорави оташнишонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №72 ва 28, хобгоҳҳои донишҷӯёну омӯзгорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Консервваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Саторов ва инчунин хонаҳои баландошёнаи кӯчаҳои Мушфиқӣ, Фирдавсӣ ва Борбади ноҳияи Фирдавсии пойтахт ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар рафти чорабиниҳои зиддисӯхторӣ ҳамчунин ба шаҳрвандон ва сокинони хонаҳои истиқоматӣ ҷиҳати бе тартибона таваққуф намудани нақлиётҳои шахсӣ дар гирду атрофи биноҳои истиқоматию муассисаҳо, корхонаҳо, ки дар мавридҳои зарурӣ ба ҳаракати нақлиётҳои хадамотҳои таъҷилӣ, аз ҷумла Хадамоти давлатии оташнишонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастуру пешниҳодҳои дахлдор дода шуданд. Дар баобари ин аз тарафи бастҳои навбатдории ХДО ноҳияи мазкур ҳолати коршоямию дараҷаи обдиҳии ҷумаку гидрантҳои оташнишонӣ ба таври иловагӣ санҷида шуда, барои боз ҳам дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онҳо ба масъулин пешниҳоду тавсияҳои зарурӣ дода шуданд.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика