Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба фурӯш баровардани маҳсулоти сохтмонии бесифат

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Турсунзода, соҳибкор, ҳамчун гумонбар дар фиреби истеъмолкунандагон дастгир карда шуд. 

Номбурда, бо мақсади ба фурӯш баровардан ва ба даст овардани маблағи пулӣ, дар мағозаи фурӯши маҳсулотҳои сохтмонӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода ба марди 34-солаи сокини деҳаи Туда, ба миқдори 50-адад маҳсулоти сохтмонии “Шпаклёвка”, тамғаи “Адинекс МК” ва 10-адад “Родбанд-Элемент”, ҷамъ ба маблағи умумии 1500-сомонӣ фурӯхтааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси Институти кимиёвии ба номи “В.И.Никитина”-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №07/5 аз 15-уми январи соли 2018, маҳсулотҳои сохтмонии мазкур ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ намебошанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика