Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда

003Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 53-солаи сокини шаҳри Душанбе, собиқ директори филиали ҶСП “Тоҷикпромбонк”, воқеъ дар ноҳияи Сино, ҳамчун гумонбар дар тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда дастгир карда шуд. 

Номбурда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ва бо истифода аз мансаби ишғол намудааш санаи 31-уми октябри соли 2008 ба номи марди 45-солаи сокини кӯчаи Ҷомии пойтахт аз бонки мазкур 150000-сомониро гирифта, азонихуд кардааст.
Номбурда бо ҳамин роҳ, санаи 24-уми феврали соли 2009 ба номи марди 54-солаи сокини кӯчаи А.Навоии пойтахт аз бонки мазкур 32500-сомониро гирифта, азонихуд кардааст.
Ҳамин тариқ, номбурда санаи 3-юми апрели соли 2008 ба номи зани 52-солаи сокини кӯчаи А.Навоии шаҳри Душанбе аз бонки мазкур 107000-сомониро гирифта, азонихуд кардааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика