Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Садамаи марговар дар ҳудуди ноҳияи Файзобод

16-уми январи соли 2018, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21015”, Амиров Сунатулло Намозович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Файзобод ба самти шаҳри Роғун дар ҳудуди деҳаи Чашмасор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай Портер”, таҳти идораи Шарифов Зариф, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Файзобод, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Портер” Шарифов З. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ронандаи дигар Амиров С. ва мусофиронаш: Сафаров Файзиддин, соли таваллудаш 2006 ва Азимова Гавҳармо, соли таваллудаш 1956, сокинони деҳаи Гулпарвари ноҳияи Файзобод ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика