Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолатҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 36-солаи сокини деҳаи Куктоши ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми январи соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ашёҳои рӯзгор ва асбобҳои сохтмонӣ, ҷамъ ба маблағи 15000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини деҳаи Чорсуи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамчунин кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфараро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Номбурда, 13-уми январи соли равон, тахминан соати 17:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ вориди нуқтаи савдои марди 46-солаи сокини шаҳри Исфара шуда, аз он ҷо 6000-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Флай”, ҷамъ ба маблағи 6400-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Далелҳои шайъӣ аз ҷониби кормандони милитсия гирифта шуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика