Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ворид намудани автомашина бо роҳи қочоқ

Кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 24-солаи сокини ноҳияи Муъминободро ҳамчун гумонбар дар қочоқи автомашина дастгир намуданд. 

Номбурда, моҳи июли соли 2017 бо мақсади ба даст овардани фоида аз ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон 1-адад автомашинаи тамғаи “Ауди А-5”-ро аз “Талгат” ном шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ба маблағи 8000-доллари амрикоӣ харидорӣ намуда, бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш баровардан аз мавзеи ҷамоати деҳоати Кистақузи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика