Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани ронандагон зимни ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ

14-уми январи соли 2018, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дайво-Сиелло”, Қодиров Лолахон Бегмадович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Даштигулои деҳаи Файзобод ба самти деҳаи Даштигуло аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори роҳ, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа худи ронанда Қодиров Л. ва мусофирони дохили автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Муқаддасов Исмоил, соли таваллудаш 1950, Қурбонова Шаъмигул, соли таваллудаш 1953, сокинони ноҳияи Восеъ, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Инчунин, мусофири дохили автомашина Суҳроби Исмоил, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Восеъ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ Х-5”, Чориев Умедҷон Зайнуллоевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Дӯстии шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Қудратов Нурулло, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Фархор бархӯрда, сипас, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Қодиров Шамсиддин Тайлонович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Темурмалик бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, шаҳрвандон: Кучаров Санҷар Фурқатович, соли таваллудаш 1995, сокини н.Темурмалик, Назаров Сайёд Маҳмадшарифович, соли таваллудаш 1995, сокини н.Балҷувон, Каримов Абдусаттор Абдуллоевич, соли таваллудаш 1975 ва Қодиров Баҳодур Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1990, сокинони н.Данғара, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Инчунин, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қодиров Ш.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика