Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагардон дар садамаҳои нақлиётӣ

12-уми январи соли 2018, тахминан соати 23:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Иноятов Беҳруз Зайдуллоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти ш.Ҳисор дар дар ҳудуди деҳаи Ваҳдати шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Сайфиддинов Соҳибҷон Исломиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Нурафшонро пахш намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард Сайфиддинов С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми январи соли 2018, тахминан соати 05:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Комбо”, Исмоилов Насимҷон Каримович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ”, дар рӯ ба рӯи маҳаллаи 3-юми ш.Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Раҳимова Лутфӣ Ҳошимовна, соли таваллудаш 1957, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми январи соли 2018, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ниёзмаҳмадов Мирзо Ҳусейнович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди деҳаи Сароби ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Умарқосимов Улмас Неъматуллоевич, соли таваллудаш 1977, сокини деҳаи Гулистонро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика