Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тасодуми нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”

06911-уми январи соли 2018, тахминан соати 12:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-РАФ-4”, Муллоев Луқмонҷон, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 200-метр автомашинаро чаппа кардааст. 

Дар натиҷа худи ронанда, Муллоев Л. ва мусофиронаш: Убайдова Ашурой соли таваллудаш 1949, нафақахӯр, сокини ш.Панҷакент, Соатов Обидҷон Ибрагимович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, Нозимова Зарина, соли таваллудаш 1963, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоша, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Баъди якчанд соат Убайдова А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
11-уми январи соли 2018, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-53212”, Шокиров Шокир Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Деваштиҷ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаннок”, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба қафои автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи ронанда Маҳмадёров Ҷонибек Усмонқулович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Панҷакент қарор дошт, бархӯрдааст.
Баъд аз ин ронандаи автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, Мамараҳимов Ғайрат Валиҷонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Шаҳристон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-53212” бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи “ГАЗ-53” Ғоибов Музаффар Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1956, сокини ноҳияи Шаҳристон ва Абдуқаҳҳоров Зокир Абдушукурович, соли таваллудаш 1970, коргари ширкати “Иновайтив Роуд Солюшенз ЛТД”, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Баъди якчанд соат Ғоибов М. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика