Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рейди шабона дар интернет-кафеҳо

64

Бо вуҷуди он, ки имрӯзҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар таътили зимистона ҳастанд, вале тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аз бемасъулиятиву хунукназарии баъзе падару модарон истифода намуда, фарзандони онҳо аксари вақти худро дур аз хонаву оила дар ҷойҳои барояшон зараровар мегузаронанд. Далели возеҳи ин гуфтаҳо чорабинии мақсаднокест, ки кормандони милитсияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Прокуратураи ин ноҳия шаби гузашта гузарониданд.

65

Чорабинии мазкур, ки ба хотири пешгирии амалҳои номатлуб миёни насли наврас ва ҷавонон андешида шуд, нишон дод, ки зимни азназаргузаронии интернет-кафеҳо ва марказҳои дилхушӣ, ҳолатҳои зиёди дар бевақтии шаб, дур аз хонаву наздикон ба корҳои беҳудаи зараровар машғул шудани ноболиғону ҷавонон ба қайд гирифта шуд.
Аз ҷумла, дар натиҷаи ин чорабинии мақсадноки шабона дар интернет-кафеҳо ва марказҳои бозиҳои компютерие, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият менамоянд, як гурӯҳ ҷавонон ва 3 нафар ноболиғон, ки таътили зимистонаашонро дар чунин маконҳои барои ояндаашон зараровар мегузарониданд, боздошт ва ба шуъбаи милитсия дастрас карда шуданд. Дар робита ба ин ҳолат бо дастгиршудагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, нисбати он волидоне, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»-ро вайрон намудаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

6667

Мавриди зикр аст, ки мақомоти милитсия, аз ҷумла кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор минбаъд низ чунин чорабиниҳои пешгирикунандаро ҷиҳати таъмин намудани иҷроиши талаботи Қонунҳо «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи маориф» пайваста мегузаронанд.
Абдулло ШОЕВ, нозири калони гурўҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика