Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёт

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини деҳаи Муллотугмаи ноҳияи Файзобод, фурӯшандаи Нуқтаи фурӯши сӯзишвории “Ситора-2014”, воқеъ дар деҳаи Дубедаи ҳамин ноҳия бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд. 

Номбурда, рӯзи 6-уми январи соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, аз НФС-и мазкур автомашинаи тамғаи “Мерседес”, ки ба соҳибкор, марди 27-солаи ҳамдеҳааш, тааллуқ дорад, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст.
Ҳамин тариқ ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино марди 21-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки рӯзи 9-уми январи соли 2018, тахминан соати 04:20-дақиқа, шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро, ки дар кӯчаи Ҷомии ш.Душанбе беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини ш.Душанберо ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаи мазкур дастгир карданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика