Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калиди зери пояндоз ё дохили сипари барқӣ гузошта шуда ба манфиати дузд истифода шуд

93Кормандони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар асоси муроҷиати чабрдидаҳо бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ гиреҳи силсиладуздии дар баландошёнаҳо содир шударо ошкор намуданд. Ба фарзияи тафтишот ҷабрдидаҳо худашон барои ҷиноят шароит фароҳам сохтаанд. Калиди ҳуҷраҳои баландошёнаро истиқоматкунандагон аз бепарвоӣ зери пояндози дар, ё дохили сипари барқӣ гузоштаанд, ки чунин ҳолат аз тарафи шаҳрванд Шаҳобиддини Мақсудбек, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ суйистифода шудааст.

Кашфиёти ғайриоддии услуби ҷиноят имкон дод, ки давоми моҳи декабр гумонбаршаванда Шаҳобиддини Мақсудбек дар ҳудуди маҳаллаҳои 32 ва 33 шаҳри Хуҷанд рӯзона озодона ба чор ҳуҷра ворид шуда, пул ва дигар ашёҳои арзишмандро тасарруф намояд. Аз ҳаракатҳои ҷинояткорона 7 нафар хисороти моддӣ бардошта натиҷаи зарар ба 28 880 сомонӣ баробар аст. Ҷабрдидагони 3 ҳуҷра донишҷӯёни иҷоранишин мебошанд. Аз ҳуҷраҳои онҳо аз 100 то 380 сомонӣ пули нақд, ноутбук ва телефонҳои мобилӣ дуздида шудаанд.
Бо ҳамин гуна шеваи дуздӣ санаи 12 декабр гумонбаршаванда ба суроғаи маҳаллаи 32 бинои 49 ҳуҷраи 19 ворид шуда, якчанд намуд ҷавоҳироти тиллоии соҳибхона Гулноз Мирзоназароваро ба маблағи умумӣ 22 800 сомонӣ тасарруф кардааст. Дар ҳолати мазкур калиди зери пояндози дар гузошта шуда ба содиршавии ҷиноят мусоидат намуд.

94

Ба иттилои тафтишот чеҳраи Шаҳобиддини Мақсудбек қаблан дар ҷодаи ҷиноят зуҳур кардааст. Номбурда моҳи октябри соли 2017 барои дуздӣ суд шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 25 ҳазор сомонӣ таъин ва то ҳанӯз адои ҷазо беиҷро боқимонда боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок даст ба ҷиноят задааст.
Замоне, ки доғи судӣ бардошта нашудааст гардиши такрорӣ дар ҷодаи ҷиноят ҷазои вазнинтар дар пай дорад. Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Шаҳобиддини Мақсудбек бо моддаи 244 КҶ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

95

Аз рӯи нишондоди гумонбаршаванда калиди зери пояндоз ё дохили сипари барқӣ гузошта шуда аз он шаҳодат медод, ки дар хона касе нест. Ва ин имконияти хубест барои бемушкилӣ амалисозии нақшаи ҷиноят. Бо расонидани ин хабар мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандонро ҳушдор медиҳад, ки дар ҳифзу нигаҳдории моликияти худ эҳтиёткор бошанд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика