Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар ташкил намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 

Номбурда, бо мақсади ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодан ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар бинои “Армуғон”, воқеъ дар кӯчаи Д.Халқҳо ҶДММ “Меҳр-2017”-ро ташкил намуда, ба ҳайси роҳбар фаъолият кардааст.
Сипас ғайриқонунӣ бе доштани иҷозатномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон: зани 32-сола ва ду марди 25 ва 27-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва марди 27-солаи сокини шаҳри Ҳисор, маблағи пулӣ ба миқдори 11000-доллари амрикоӣ гирифта, бо номбурдагон барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Аврупо фиристонидан шартномаҳои хаттӣ бастааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика