Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳай карда бурдани автомашинаи “Ниссан-Максима” аз ҷониби зани пешсудшуда

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки шаби 30 ба 31-уми декабри соли 2017, шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи “Ниссан-Максима”-ро, ки дар назди ошхонаи “Тӯтӣ”, воқеъ дар кӯчаи Борбади пойтахт беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда бурдаанд. 

Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки пеш бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир намуданд.
Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика