Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сохтакорона тайёр кардан ва ба муомилот баровардани маркаҳои аксизии машрубот

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар сохтакорона тайёр кардан ва ба муомилот баровардани маркаҳои аксизии машрубот дастгир карда шуд. 

Аз номбурда, 5-қуттӣ бо маркаҳои аксизии машруботи алкоголӣ ба миқдори умумии 305000-адад гирифта шуд, ки дар мавриди истифода намудани ин миқдор аксизҳо ба буҷаи давлат ба маблағи 1 миллиону 973 ҳазору 712 сомонӣ зарари моллӣ расонида мешуд.
Мувофиқи хулосаи мутахассисони филиали Суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №02/1886/17 аз 28-уми декабри соли 2017, маркаҳои мазкур бе риоя кардани талаботҳои техникӣ ва бо истифодабарӣ аз таҷҳизоти компютерӣ ва принтери ранга тайёр карда шуда, қалбакӣ мебошанд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика