Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарёфт ва мусодираи 56-адад сиккаҳои гуногуни таърихӣ ва фарҳангӣ

Рӯзи 4-уми январи соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, дар терминали №1-и фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳангоми санҷиши бағоҷи мусофирони хатсайри №627 самти “Душанбе-Москва” аз ҷониби кормандони милитсия дар нақлиёт марди 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони қочоқ, яъне аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани осорҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастгир гардида, аз дохили бағоҷи номбурда 56-адад сиккаҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Мувофиқи хулосаи Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2 аз 5-уми январи соли 2018, 2-адад танга ба бекигарии Ҳисор асрҳои 18-19, 7-адад ба собиқ империяи Россия ва 4-адад ба шоҳигарии “Британияи Кабир” мансуб буда, онҳо дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ маҳсуб ёфта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ мебошанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика