Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт!

Муҳтарам сокинони пойтахт ва меҳмонони арҷманди шаҳр!

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо муборакбодӣ аз омадани ҷашни «Соли Нави мелодӣ – 2018» ва орзуи бепоёни бахту саодату дастовардҳои рўзафзун ба ҳар як фарди худогоҳу худшиноси мамлакат, аз Шумоён эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳамаи мо, дастаҷаъмона дар остонаи таҷлили ин ҷашни пуршукўҳ нигоҳ доштани маданият ва фарҳанги баланди шаҳршинӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоем.
Сокини пойтахт будан барои ҳар шаҳрванд масъулияти ҷиддиро пеш гузошта, мақоми беназири шаҳри азизамон – дорандаи «Ҷоизаи шаҳри сулҳ» моро водор месозад, ки тавассути ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътиноии фаврӣ ба ҳар як далели халалдор сохтани оромӣ, бо риояи ҳатмии «Маромномаи сокини пойтахт» ва дигар талаботи қоидаҳову меъёрҳои ҳуқуқӣ дар таъмини тартиботи комили ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа, бахусус талабот оид ба манъ гардидани воридот, нигоҳдорӣ, фурўхтан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки боиси расонидани зарар ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулк мегардад, масъул бошем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи қонунгузорӣ барои вайрон намудани ин меъёри ҳуқуқӣ ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ гардида, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои иҷро накардани ўҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, падару модар ва омўзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро бар дўш доранд.
Бо дарназардошти ин ва бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо бовар мекунонем, ки мо дар якҷоягӣ бо мардуми сарбаланду ватандўст, соҳибмаърифату соҳибфарҳанги пойтахт ва ҳар як фарди бонангу номуси халқи азизамон бо сарҷамъиву муттаҳидӣ, оромӣ, риояи дақиқи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, таҷлили ҷашни Соли Нави мелодиро дар шаҳр, ки ба яке аз пойтахтҳои ороми ҷаҳони муосир мансуб мебошад, сазовор пешвоз мегирем!

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика