Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад

6Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ (пиротехникӣ) манъ гардида, он нафароне, ки ба чунин кирдор даст мезананд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд.

Вобаста ба ин кормандони милитсия баҳри осоиштаву ором нигоҳ доштани рӯзҳои иду ҷашн, ки аз бе маврид тарконидани чунин маводҳо халал ворид мегардад, фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар давоми чанд рӯзи охир аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он, зиёда аз 100-ҳазор дона маводҳои гуногуни тарфгарӣ (пиротехникӣ) аз муомилот боздошта шуд.
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба миқдори махсусан калон маводҳои тарфгарӣ (пиротехники)-ро ошкор намуданд. Зимни аз назаргузаронии автомашинаи шаҳрванд, Нурмуҳаммадов Ҳикматёр Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки номбурда дар бағоҷи автомашинаи мазкур дар 4-қуттӣ маводҳои тафгариро ҷой дода, мехост аз ин ҳисоб фоида ба даст орад.
Бояд тазаккур дод, ки маводҳои тарфгарии мазкур навъи «Трения» буда, зиёда 80-ҳазор донаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин чанд рӯз қабл кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Исоев Ҷаҳонгир Одилович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Хуҷандро боздошт намуданд, ки ӯ ба муомилоти ғайриқонунии маводҳои тарфгарӣ машғул буд. Баъд аз дастгир шудани номбурда, аз ӯ навъҳои гуногуни пиротехникӣ аз қабили «Вип Новий год», «С Новим годом», ва «Шост», ки дар умум 547-донаро ташкил медиҳанд, дарёфт ва мусодира карда шуданд.

10

5

Инчунин шаҳрвандон Азимов Исмоил ва Ҳамроев Аминҷон, солҳои таваллудашон 1999, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур дастгир шуданд, ки номбурдагон ба хотири ба даст овардани манфиат ба муомилоти маводҳои тарфгарӣ даст заданд. Аз номбурдагон зиёда аз 7-ҳазор «хлопушка» дарёфту мусодира карда шуд.
Бо зикри далелҳои мазкур аз тоҷирону соҳибкорон хоҳиш карда мешавад, ки қонуни мазкурро оиди пешгирии воридоту фурӯши маводҳои пиротехникӣ риоя намоянд, то фазои осоиштаи ҳаёти мардумро дар рӯзҳои ҷашн халалдор насозанд.
Оид ба ҳолатҳои зикргардида, тафтишот идома дорад.
Сироҷиддин Шукуров, нозири гуруҳи ахборотии РВКД дар ш.Душанбе, лейтенанти милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика