Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани маҳсулоти ба талабот ҷавобгӯй набуда

29-уми декабри соли 2017, ҳангоми доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи “Тоҷикстандарт”, Нозироти андоз ва Хадамоти давлатии санитарии эпидемиологии шаҳри Душанбе зимни рейди муштарак дар корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои хӯроквории ҶДДМ “Шириниҳои Пойтахт”, воқеъ дар кӯчаи Лучоб, ки ба шаҳрванд М.Х., соли таваллудаш 1966, сокини пойтахт, сардори ҶДДМ “Шириниҳои Пойтахт” ва бо шарики тиҷоратии ӯ шаҳрванд Ш.С., соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ доранд, камбудиҳои ҷиддии хати барқ ва ҳолати бади санитарӣ-гигиенӣ муайян карда шуд.

Мувофиқи маълумотномаи Агентии стандартизатсия таҳти №5760 аз 27 –уми декабри соли 2017, макарони навъи “вермишел” 3036-кг ба маблағи 11025-сомонӣ, макарони навъи “крупние рожки” 7957-кг ба маблағи 27853-сомонӣ ва биринҷи “Асман” 750 кг ба маблағи 6000-сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 44878-сомонӣ, ба талаботи ГОСТ ҷавобгӯй нестанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика