Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аламшозода Абдураҳмон Аламшо – муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ

AlamshooАламшозода Абдураҳмон Аламшо - 

генерал-лейтенанти милитсия. 17-уми ноябри соли 1970 таваллуд шудааст. Маълумот - олии ҳуқуқӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1993.
То соли 1997 дар вазифаҳои гуногуни ҳайати миёнаи роҳбарикунанда ҳамчун корманди оперативӣ фаъолият намудааст. Баъд ба ҳайси сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятӣ, муовини сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ, сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.
Аз моҳи декабри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб фаъолият намуда истодааст.
Аламшозода Абдураҳмон Аламшо барои зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ, саҳми арзанда гузоштан дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо мукофотҳои давлатӣ: соли 2012 бо ордени «Спитамен» дараҷаи 2 ва соли 2015 бо ордени «Спитамен» дараҷаи 1 мукофотонида шудааст.

Рӯзи 18 сентябри соли 2018 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо – муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ таъин карда шуд.




Рӯйдодҳо

  • Дуздии маблағ ва телефонҳои мобилӣ аз дохили автомашина

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи ....

    21.01.2020 10:37
  • Муайян ва ошкор шудани қаллобиҳо

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи ....

    21.01.2020 10:35
  • Ба ҳалокат расидани пиёдагарди шахсияташ номаълум

    Рӯзи 19-уми январи соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    21.01.2020 10:32
  • Ҳалокати ҷавонзани 30-сола бар асари садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 19-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    21.01.2020 10:31
  • Суғд: Вохӯрӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ

    Рӯзи 18-уми январи соли 2020 бо мақсади иштироки шаҳрвандон дар ....

    20.01.2020 13:45
  • Алоқаманди бо аҳолӣ ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар ....

    Рӯзи 18-уми январи соли 2020 дар толори Раёсати Вазорати корҳои ....

    20.01.2020 13:41
  • Қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон бо баҳонаи аз маҳбас озод ....

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи ....

    20.01.2020 12:15
  • Садамаҳои нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Темурмалику Файзобод

    Рӯзи 17-уми январи соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    20.01.2020 12:13
  • Куштор дар ҳолати мастӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2020, тахминан соати 22:30-дақиқа, марди 38-солаи ....

    18.01.2020 10:46
  • Ошкор шудани ҳолатҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 39-солаи сокини ноҳияи ....

    18.01.2020 10:17
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика