Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Раёсати нозиротӣ – ташкилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

SolievKСардори Раёсат: Солиев Карим Ҳоҷиевич – генерал-майори милитсия, 7 январи соли 1961 таваллуд шудааст. Маълумоташ - олӣ. Соли 1982 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст. 

Солҳои 1982-1984 - хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ.
Солҳои 1984-1987 - ассистенти кафедраи Ҳуқуқи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин.
Солҳои 1987-1991 – омӯзгори Шуъбаи таҳсили ғойибонаи Мактаби олии Тошкентии ВКД ИҶСШ.
Солҳои 1991-1994 - омӯзгори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, омӯзгори калони кафедраи мазкур.
Солҳои 1994-2001 – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2000 – Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Солҳои 2001-2012 – муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм.
Аз моҳи феврал то октябри соли 2012 – муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи октябри соли 2012 то охири соли 2017 - муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм.
Соли 1998 – бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Соли 2004 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Фаъолияти ҳуқуқмаънидодкунии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аспекти умуминазариявӣ» (аз рӯи ихтисои 12.00.01 – назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат) ҳимоя намудааст.
Зери роҳбарии бевоситааш Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ таҳия гардидааст, ки он дар таърихи илми ҳуқуқшиносии тоҷик нахустин падида мебошад;
Таҳияву коркарди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи милитсия», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон», «Дар бораи сирри давлатӣ» ва ғ.
Алҳол, Солиев К.Ҳ. аъзои якчанд гурӯҳҳои корӣ дар сатҳи комиссияҳои Ҳукуматӣ ва идоравӣ оид ба таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар фаъолияти онҳо пайваста иштирок мекунад. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба қалами Солиев К.Ҳ. 6 монография, беш аз 100 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ, ки ба паҳлӯҳои гуногуни қонунгузорӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бахшида шудаанд, тааллуқ доранд.
Мукофоту ҷоизаҳо:
Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (с.2007, ш.Душанбе);
Медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2011, ш.Душанбе);
Медали «Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2013, ш.Душанбе).
Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.




Рӯйдодҳо

  • Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани маблағи пулӣ ва телефони мобилӣ ....

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ....

    27.01.2021 10:33
  • Боздошти марди 27-сола бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ....

    27.01.2021 10:32
  • Ошкор гардидани якчанд кирдори қаллобӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    27.01.2021 10:29
  • Тамошои дастаҷамъонаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ....

    Рӯзи 26-уми январи соли 2021 дар баробари дигар идораву муассисаҳои ....

    26.01.2021 17:25
  • Тамошои дастаҷамъонаи Паём бо иштироки кормандони милитсия дар Суғд

    Роҳбарият ва ҳайати шахсӣ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти ....

    26.01.2021 17:24
  • Паём асоси пешрафти ҷомеа

    Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон Тоҷикистон Паём ....

    26.01.2021 15:57
  • Паём - ҳуҷҷати раҳнамо

      Имрӯз (26.01.2021), дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ....

    26.01.2021 15:40
  • Паём – дастури рӯимизии ҳар як корманди милитсия

    Дар маҷлисгоҳи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати ....

    26.01.2021 15:00
  • Баррасии фаъолияти Шӯрои собиқадорони ВКД дар Суғд

    Шӯрои созмони собиқадорон дар назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ....

    26.01.2021 11:41
  • Расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ аз ҳиссиёти авбошӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    26.01.2021 11:17
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълони варзишӣ!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....

    09.01.2021 12:48
  • Баргузории озмуни "Тоҷикистон - хонаи ободи ман"

    Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    09.01.2021 12:27
  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonun

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика