Сардори Раёсат: Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод - генерал-майори милитсия, таваллудаш 27 майи соли 1962, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 1 декабри соли 1983. Мукофотҳои Ҳукуматӣ: Ордени «Шараф» дараҷаи II. Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Милитсионери ШКД, нозири минтақавии милитсияи ШКД, муовини сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноии ШКД, муовини сардори ШКД, сардори ШКД, сардори ШВКДН дар фурудгоҳи ш. Душанбе, сардори ШВКД, муовини сардор, ӯ низ сардори шӯъбаи оперативӣ-ҷустуҷӯии Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сардори Давлат ва Меҳмонони Олиқадр сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе.
Аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати ВКД дар нақлиёт таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>