Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Сардабири ҳафтанома: Шерализода Ҳасан Шералӣ, полковники милитсия, миллаташ тоҷик, 21-уми январи соли 1966 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихчӣ-муаррих хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1999: Дар вазифаи нозири Маркази матбуоти ВКД, нозири Маркази матбуоти РВКД дар вилояти Хатлон, муаллими Маркази таълимии ВКД, директори Осорхонаи ВКД ва муовини сардори Маркази таълимии ВКД фаъолият намудааст.
Барои хизматҳои арзандааш бо нишони сарисинагӣ, медал ва ифтихорномаҳои ВКД сарфароз гардонида шудааст.
Бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2013 ба вазифаи сардабири КВД ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб фаъолият намуда истодааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика