Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд

Kudratulo

Сардори Раёсат: Назарзода Қудратулло Бобо – генерал-майори милитсия, таваллудаш 20 ноябри соли 1963, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 1986 Мактаби миёнаи махсуси милитсия, соли 1993 Мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳайати роҳбарикунанда хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1984.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: ваколатдор-кинологи шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД дар шаҳри Кӯлоб, ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД дар шаҳри Кӯлоб, ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ, ваколатдори калони оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШКД Ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, ваколатдори оперативии шуъбачаи кофтукови ҷиноятии Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ, ваколатдори оперативии шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои зидди шахсияти дар кофтуков қарор дошта ва беному нишон гумшудаи ШКҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, ваколатдори оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими шуъбачаи кушодани ҷиноятҳои зидди моликияти ШКҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб ва ваколатдори калони оперативии гурӯҳи кушодани ҷиноятҳои зидди моликияти ШКҶ ШВКД дар шаҳри Кӯлоб адои хизмат намудааст.
Назарзода Қудратулло соли 1993 ба ҳайси сарваколатдори оперативӣ оиди корҳои махсусан муҳими Шуъбаи мубориза зидди бандитизм ва тамаъҷӯии Сарраёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ, сипас муовини командири баталён оид ба ҳайати шахсии шуъбачаи 1-уми баталёни таъиноти махсуси Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, сардори Шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои яроқноки РМЗҶМ ВКД, сардори шуъбаи байналхалқии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД, сардори ШКҶ РКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори РКД дар шаҳри Душанбе, сардори ШКД ноҳияи Ваҳдат (собиқ Кофарниҳон), сардори шуъбаи 3-юми Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, сардори ШКД дар ноҳияи Файзобод, сардори ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини сардори РВКД дар вилояти Суғд, сардори ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ва сардори Раёсат дар Дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намудааст.
Назарзода Қудратулло Бобо аз 12 декабри соли 2017 ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъин гардида, адои вазифа намуда истодааст.
Назарзода Қудратулло Бобо барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва гузоштани саҳми назаррас дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ: ордени “Шараф”, ордени “Спитамен” ва медали “Ҷасорат”сарфароз гардонида шудааст.
Мавсуф ҳамчунин “Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва ҳамчунин барои зоҳир намудани малакаю маҳорати касбӣ бо нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» мукофотонида шудааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика