Сардори Сармарказ: Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон - полковники милитсия, таваллудаш 3 апрели соли 1963, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз 17 феврали соли 1984.
Дар давоми фаъолияти хизматиаш дар вазифаҳои гуногун кор кардааст: Милитсионери ШВКД ноҳияи Ёвон, ваколатдори оперативии шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шӯъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, ваколатдори калони оперативии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдори калони оперативии Раёсати ВКД дар нақлиёт, муовини сардори ШВКД дар нақлиёти вилояти Хатлон, муовини сардори ШВКД хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт, сардори ШВКД хати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбеи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт, сардори ШВКД дар ноҳияи Нуробод.
Аз 26 июли соли 2016 бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.
Мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>