Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Alisher1Сардори раёсат: Маҳмадализода Алишер Маҳмадали – полковники милитсия. 1 августи соли 1980 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ. Соли 2001 Академияи ВКД Федератсияи Россия ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 2001. Фаъолияти худро аз ваколатдори фаврии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ шурӯъ намуда, солҳои 2004-2005 дар шӯъбаи махсуси мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар нақлиёт адои хизмат намудааст. Соли 2005 муовини сардори шӯъбаи 5-уми Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи ҳамон сол ба вазифаи сардори шӯъбаи мазкур таъин гардидааст.

Соли 2007 ваколатдори калони фаврии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2009 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2009 ба ҳайси мудири бахши амният ва мудофиаи ҳамин шӯъба фаъолият намудааст. Соли 2010 дар вазифаи муовини аввали сардори Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 ноябри соли 2012 дар вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият намудааст.

Маҳмадализода Алишер Маҳмадали «Аълочии милитсия», «Корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва номзади устоди варзиш оид ба муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика