Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» - БОБИ 8. КАФОЛАТҲОИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОӢ ВА ҲУҚУҚИИ ПОЛИТСИЯ

БОБИ 8. КАФОЛАТҲОИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОӢ ВА ҲУҚУҚИИ ПОЛИТСИЯ

Моддаи 49. Пардохти музди меҳнати корманди политсия
1. Таъминоти пулии кормандони политсия аз маоши моҳонаи мансабӣ, маоши моҳона барои рутбаи махсус, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дараҷавӣ иборат мебошад, ки дар якҷоягӣ маоши моҳонаи кормандони политсияро ташкил медиҳанд. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии кормандони политсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Ба корманди политсия бар ивази озуқаворӣ ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад, ки ҳаҷми он ҳар сол вобаста ба сатҳи таваррум ва андозаи сабади истеъмолӣ, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар карда мешавад.
3. Музди меҳнати кормандони политсия, ки зиёда аз вақти кории муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хизмат мебошанд, пардохт карда мешавад.
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба маоши моҳонаи муқарраргардидаи кормандони политсия пардохтҳои иловагӣ пешбинӣ намояд.

Моддаи 50. Таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии политсия
1. Маблағгузорӣ молиявӣ, таъминоти моддӣ, техникӣ, иҷтимоӣ ва маишии политсия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пардохт карда мешавад.
2. Политсия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бино ва иншоотҳои зарурӣ таъмин карда мешавад.
3. Маблағгузории дигар ташкилотҳо (давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ) барои муҷаҳҳазгардонии политсия бо техникаву технологияҳои муосир, сохтмон, тармиму таҷдиди биноҳо манъ нест.

Моддаи 51. Ҳавасмандгардонии кормандони политсия ва шахсони дигар
1. Барои нишон додани корнамоӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ноил гаштан ба комёбиҳои назаррас ва ҷасорату фидокорӣ кормандони политсия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.
2. Кормандони политсия барои хизмати бенуқсон, пурмаҳсул, намунавии давомнок бо медалҳо ва нишонҳои сарисинагии идоравӣ, ки тавсиф ва тартиби онҳоро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, ҳавасманд гардонида мешаванд.
3. Кормандони мақомоти давлатӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ барои ҳамкорӣ бо политсия дар амалӣ намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, бо медал ва нишонҳои сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида мешаванд.
4. Ба ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи политсия бо роҳи санҷиш ва баҳодиҳӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, аз рӯи сатҳи дониш, малака, тайёрии касбӣ ва таҷрибаи корӣ дараҷаҳои ихтисоси касбӣ дода шуда, маблағи иловагӣ ба маоши ҳармоҳа илова карда мешавад, ки тартиби онро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 52. Суғуртаи давлатӣ ва ҷуброни зарар дар ҳолати вафот ва ё маъюб шудани корманди политсия
1. Кормандони политсия, аъзои оила ва молу мулки онҳо бо суғуртаи ҳатмии давлатии шахсӣ фаро гирифта мешаванд.
2. Кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 120 маоши моҳонаи корманди политсия, ки дар рӯзи пардохти ҷуброн муайян карда шудааст, ба оилаи корманди вафотгардида ва ё шахсони таҳти саробонии ӯ қарордошта, бо ҳиссаҳои баробар, дар чунин ҳолатҳо дода мешавад:
1) вафоти корманди политсия, ки ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, ё дар натиҷаи бемории дар давраи адои хизмат дар политсия гирифтааст;
2) вафоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон то интиҳоӣ як сол пас рухсатшавӣ аз хизмат дар политсия, дар натиҷаи маъюбии ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ гирифта, ё дар натиҷаи бемории дар давраи адои хизмат дар политсия, ки имконияти минбаъд хизмат намудани ӯро дар политсия истисно кардааст.
3. Аъзои оила ва шахсони таҳти саробонии корманди вафоткардаи политсия қарор доштанд, (шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хизмат дар политсия озод карда шудааст), мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулии якдафъаинаро доранд, инҳо маҳсуб меёбанд:
- ҳамсаре, ки то рӯзи вафот бо корманди вафоткарда дар ақди никоҳи бақайдгирифта қарор дошт;
- падару модари корманди вафоткарда;
- фарзандони ноболиғи корманди вафоткарда, фарзандони аз 18 сола боло, ки то ба синни 18 сола расидан маъюб шудаанд, фарзандони то 23 сола, ки дар шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд;
- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи корманди вафоткарда қарор доштанд ё аз ӯ кӯмакеро мегирифтанд, ки барояшон манбаи даромади доимӣ ва асосии зист буд, инчунин шахсони дигаре, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони таҳти саробонӣ қарордошта эътироф шудаанд.
4. Дар сурати маъюб шудан ё расидани зарари дигар ба саломатии корманди политсия ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ, ки имконияти минбаъд адои хизмат намудани ӯро дар политсия истисно менамояд, ба ӯ кӯмакпулии якдафъаина ба ҳаҷми 60 маоши моҳона дар лаҳзаи пардохт муайян карда мешавад.
5. Дар сурати озод шудани корманди политсия аз хизмат дар натиҷаи бемории дар рафти адои хизмат пайдонамуда, ба ӯ кӯмакпулии якдафъаина ба ҳаҷми 24 маоши моҳона, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
6. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ бардоштани зарари ҷисмонӣ ва муваққатан корношоям гаштани корманди политсия, ба ӯ вобаста ба дараҷаи зарари ҷисмонии бардоштааш кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми аз шаш то дувоздаҳ маоши моҳона, ки дар рӯзи пардохти кӯмакпулӣ муқаррар шудааст, пардохт карда мешавад.
7. Зараре, ки ба моликияти корманди политсия, аъзои оила ё хешовандони наздики ӯ вобаста ба фаъолияти хизматиаш расонида шудааст, дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта ҷуброн карда мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони гунаҳкор рӯёнида мешавад.
8. Барои дафни корманд ва нафақахӯри политсия (мақомоти корҳои дохилӣ), хешовандони наздик (падару модар, зан, фарзанд, фарзандхондшуда ва фарзандхондкарда) ва шахсоне, ки таҳти саробони ӯ қарор доштанд, кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми 10 маоши моҳонаи охирин, пардохт карда мешавад. Муқаррароти мазкур нисбати шахсони ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯ ии политсия тибқи шартнома ҳамкорӣ намудаанд, паҳн мегардад.
9. Суғуртаи давлатии ҳатмии ҳаёт ва саломатии корманди политсия ва аъзои оилаи ӯ аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешавад.
10. Таъмини нафақаи давлатии корманди политсия мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
11. Ҳангоми дар натиҷаи иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба ҳалокат расидани шахсе, ки мутобиқи қарордод бо политсия ҳамкорӣ менамуд, ба оила ва шахсони таҳти саробонии ӯ қарордошта, аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷетӣ ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши панҷсолаи шахси ҳалокшуда пардохт карда мешавад ва мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби аз даст додани саробон нафақа таъин карда мешавад.
12. Дар ҳолати вобаста ба иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ осеб дидан, захм бардоштан, контузия гирифтан ё маъюб шудани шахси мутобиқи қарордод бо политсия ҳамкорикунанда, ки ҳамкории минбаъдаи ӯро бо мақомоти политсия ғайриимкон мегардонад, ба шахси мазкур аз маблағҳои дахлдори буҷетӣ ёрдампулии якдафъаина ба андозаи маоши сесола пардохт карда мешавад ва ба ӯ нафақаи маъюбӣ таъин мегардад.

Моддаи 53. Таъминоти иҷтимоии корманди политсия
1. Ба корманди политсия мувофиқи тартиби муқарраргардида:
- аз фонди давлатӣ манзили истиқоматӣ дода мешавад;
- барои беҳтар намудани шароити манзили зист, сохтмони манзили шахсӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад;
- аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои харидан ва ё сохтмони манзили истиқоматӣ, инчунин беҳтар намудани шароити манзил, қарзи бефоиз ба муҳлати 20 сол дода мешавад, ки 50 фоизи он аз ҳисоби маблағи буҷетҳои дахлдор пардохт карда мешавад;
- манзили истиқоматӣ аз фондҳои манзили давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.
2. Корманди политсия, ки дар мақомот зиёда аз даҳ сол фаъолият намудааст ва аъзои оилаи корманди вафоткардаи политсия бе додани манзили дигар аз манзили хизматӣ бароварда намешавад.
3. Политсия ҳуқуқ дорад аз ҳисоби манбаҳои молиявии худ барои кормандоне, ки ба беҳтар намудани шароити манзил эҳтиёҷ доранд, манзили истиқоматӣ харида диҳад.
4. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва маҳаллӣ манзили кормандони политсия, ки фонди манзили давлатиро ташкил менамояд, ҳангоми собиқаи хизматии на кам аз понздаҳ сол доштан, инчунин ба аъзои оилаи онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳалок гардидаанд, ба таври ройгон медиҳад.
5. Ба нозирони минтақавии политсия дар давоми шаш моҳ аз рӯзи ба вазифа таъин шудан, аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ манзили истиқоматии хизматӣ дода мешавад.
6. Дар сурати ҳалок гардидани корманди политсия ҳангоми иҷрои фаъолияти хизматӣ, ба оилаи ӯ манзил бо ҳамон асосҳое, ки то вафоти вай мавҷуд буд, на дертар аз шаш моҳ баъди ҳалок шудани корманди политсия аз тарафи мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ва маҳаллӣ ё мақомоти политсия дода мешавад.
7. Ба корманди политсия ва аъзои оилаи он, аз ҷумла оилаи корманди ҳалокгардида, пардохти хонапулӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ, об, андози замини наздиҳавлигӣ ва пули истифодаи телефон, новобаста аз навъи фонди манзилӣ, панҷоҳ фоиз кам карда мешавад.
9. Фарзандони корманди политсия ба муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бенавбат қабул карда мешаванд.
10. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои кормандони политсия, метавонанд кафолатҳои дигари ҳифзи иҷтимоиро, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, муқаррар намоянд.

Моддаи 54. Таъмини кормандони политсия бо хизматрасонии тиббӣ
Кормандони политсия ва аъзоёни оилаи онҳо, собиқадорон ва нафақахӯрони политсия, инчунин аъзоёни оилаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафти адои хизмат дар политсия ҳалок гардидаанд дар муассисаҳои тиббии мақомоти корҳои дохилӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд.
Кормандони политсия ба тайёр ва таъмир кардани протезҳо (ба истиснои протезҳое, ки аз металлҳои қимматбаҳо ва дигар маводи гаронарзиш сохта шудаанд), хизматрасонӣ ва таъминоти тиббии ройгон ҳуқуқ доранд.
Аз муассисаҳои тиббии мақомоти корҳои дохилӣ, аз рӯи дорухат гирифтани маводҳои доруворӣ, маҳсулоти таъминоти тиббӣ ройгон мебошад.
Корманд ва нафақахӯри политсия дар осоишгоҳҳои мақомоти корҳои дохилӣ ва осоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истироҳати ройгон таъмин карда мешавад.

Моддаи 55. Ҳимояи ҳуқуқии корманди политсия
1. Корманди политсия - шахси дахлнопазир мебошад ва таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Шахсият, шаъну шараф ва эътибори ӯ бо қонун ҳифз карда мешавад.
2. Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳояш корманди политсия ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд ва ба иттифоқҳои касаба муттаҳид шавад.
3. Таҳқири корманди политсия, ба ӯ муқобилият нишон додан, таҳдид, зӯроварӣ ё сӯ йқасд ба он, инчунин дигар кирдорҳо, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии корманди политсия монеаҳо эҷод мекунанд, чунин амалҳо фавран пешгирӣ карда мешавад ва тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд.
4. Кормандони политсия барои расонидани зарари моддӣ ва ҷисмонӣ ба ҳуқуқвайронкунанда, ки дар натиҷаи итоат накардан ва муқобилият нишон додан расонида шудааст, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
Хатар ба ҳаёт ва саломатии корманди политсия ҳамчун таҳдид ба вазъияти муътадили ҷомеа ва амнияти кишвар арзёбӣ мегардад.
5. Кормандони политсия дар баробари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии худ истифода мебаранд. Ба истиснои маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур.
Маҳдудият ба ин ҳуқуқҳо танҳо мутобиқи Қонун ва тибқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 56. Уҳдадории итоат намудан ба корманди политсия
1. Талаботи қонунии корманди политсия барои иҷроиш ба шаҳрванд ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад.
2. Иҷро накардани талаботи қонунии корманди политсия ва дигар амалҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи политсия гузошташуда монеъ мешаванд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад ва ҳангоми монеъ шудан бо роҳи зӯроварӣ корманд метавонад тибқи муқаррароти ин қонун силоҳ истифода кунад.
3. Талаботи корманди политсия, ки ба шаҳрванд ва шахсони мансабдор нигаронида шудаанд ё дигар амалҳои ӯ то он вақт қонунӣ ҳисобида мешаванд, ки агар аз ҷониби мақомот ё шахси мансабдори ба назорати фаъолияти ӯ ваколатдоршуда ва риояи қонуниятро баамалбароваранда, баракси онро муайян накунад.

Моддаи 57. Эҳтимолияти боварӣ ба корманди политсия
Ба нишондоди корманди политсия, ки ба сифати ҷабрдида ё шоҳид пурсида мешавад, дар баробари дигар далелҳое, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гирифта шудаанд, баҳо дода мешавад.

Моддаи 58. Ҳуқуқҳои корманди политсия ба ҳимояи судӣ
Политсия вазифадор аст, ба он корманди политсия, ки иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ мебошад, ёрии ҳуқуқӣ расонад.
Агар корманди политсия дар содир кардани ҷиноят гумонбар ё айбдор шуда, нисбати ӯ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан интихоб шуда бошад, пардохти таъминоти пулӣ ба чунин корманд боздошта мешавад. Ҳангоми нисбати корманд қатъ гаштани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои сафедкунанда ё баровардани ҳукми сафедкунанда, ба ӯ таъминоти пулӣ дар ҳаҷми пурра барои тамоми давраи дар ҳабс буданаш пардохт карда мешавад, ки минбаъд ин маблағ аз шахсони дар айбдоркунии ғайриқонунӣ гунаҳкор, рӯёнида мешавад.

Моддаи 59. Ҳуқуқи кормандони политсия оид ба аъзо шудан ба иттифоқҳои касаба
Кормандони политсия бо мақсади намояндагӣ аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии худ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», ҳуқуқи таъсис додан ва аъзо шудан ба иттифоқҳои касабаро доранд.

Моддаи 60. Дахлнопазирии фаъолияти корманди политсия
1. Корманди политсия ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда танҳо ба сардорони бевосита ва болоии худ тобеъ мебошад. Ҳеҷ шахси дигар ҳуқуқи ба фаъолияти қонунии корманди политсия дахолат карданро надорад.
2. Таъсир расондан бо мақсади мамониат кардан ба иҷрои вазифаҳои хизматии корманди политсия дар кадом шакле, ки набошад, боиси ҷавобгарии бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда мегардад.
3. Дар ҳолати аз тарафи сардор ва шахси ваколатдор додани фармон ё супориши ғайриқонунӣ, ҷавобгарӣ ба дӯши шахси фармон ё супоришдода гузошта мешавад.
4. Фармон ё супориши бараъло ғайриқонунии сардор ва шахси ваколатдор аз тарафи корманди политсия иҷро карда намешавад.
5. Дар ҳолати аз сардори бевоситаи худ ё дигар шахсони мансабдори ваколатдор гирифтани фармон, дастур ва супориши баръало ғайриқонунӣ корманди политсия бояд мувофиқи талаботи қонун амал намуда, дар ин бора ба роҳбари болоӣ хабар диҳад.
6. Корманди политсия, ки аз рӯи фармон ё супориши бараъло ғайриқонунӣ қасдона ҷиноят содир намудааст, инчунин шахси мансабдори фармон ё супориши ғайриқонунӣ дода, ҳар ду ба тариқи умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Иҷро накардани фармон ё супоришоти ғайриқонунии сардори бевоситаи худ ё дигар шахсони мансабдори ваколатдор, ҷавобгариро истисно мекунад.
7. Ҷалб намудани корманди политсия ба иҷрои вазифаҳое, ки Қонуни мазкур ба зиммаи политсия вогузор накардааст, манъ аст.

Моддаи 61. Ҳуқуқҳои корманди политсия ба ҷуброни истифодаи воситаи нақлиёти шахсӣ бо мақсадҳои хизматӣ
Ба корманди политсия, ки бинобар мақсадҳои хизматӣ нақлиёти шахсиашро истифода мебарад, ҷубронпулӣ пардохт карда мешавад.

Моддаи 62. Ҳуқуқи корманди политсия ҳангоми дар сафари хизматӣ будан
Корманди политсия, ки дар сафари хизматӣ мебошад, аз рӯи шаҳодатномаи сафари хизматӣ ҳуқуқи бе навбат гирифтани чипта ба ҳама гуна нақлиёт ва дар меҳмонхона ҷойгир шуданро дорад.

Моддаи 63. Ҳифзи иҷтимоии корманди политсия бинобар баромадан ба нафақа
1. Корманди политсия, бинобар расидан ба синну соли муқарраргардида, бо сабаби беморӣ ё пурра гардидани собиқаи хизматӣ ба нафақа меравад. Ба имтиёзҳои барои кормандони политсия пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», аз ҷумла ба таъминоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатие, ки дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад.
2. Андозаи нафақаи корманди политсия, ки бинобар расидан ба синни муқарраршуда, бо сабаби беморӣ ё фарорасии муҳлати собиқаи хизмат аз кор озод карда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҳисоб карда мешавад.
3. Ба шахсоне, ки аз хизмати политсия озод шудаанд, дар сурати таҳдид ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо вобаста ба фаъолияти хизматии пештараашон мутобиқи Қонуни мазкур, кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони политсия паҳн мегардад.
4. Ҳангоми ба хизмат дар политсия қабул шудани мутахассисе, ки дорои тахассуси баланди касбӣ мебошад ва аз рӯи ихтисоси асосӣ корро идома медиҳад, собиқаи меҳнатиаш барои таъмини нафақа ва илова намудани маоши изофавӣ ба собиқаи хизматӣ аз ҳисоби ду соли собиқаи умумии меҳнатӣ ба як соли хизмат дар политсия ҳисоб карда мешавад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика