Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шакли мукаммалкардашудаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» - БОБИ 3. ВАЗИФАҲОИ ПОЛИТСИЯ

БОБИ 3. ВАЗИФАҲОИ ПОЛИТСИЯ

Моддаи 11. Вазифаҳои политсия оид ба таъмини амнияти инсон, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ
Политсия вазифадор аст:
1) ҳаёт, саломатӣ, амният, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро аз кирдорҳои ғайриқонунӣ ё таҳдиди хатар ҳифз намояд;
2) ҳаёт ва саломатии ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ё шахсоне, ки бо мақомоти политсия ҳамкорӣ менамоянд, ҳамчунин аъзоёни оилаҳои онҳоро ҳифз намояд;
3) ба шахсоне, ки аз ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, офатҳои табии ва техногенӣ зарар дидаанд, инчунин дар ҳолати оҷизӣ, ё ин ки дигар ҳолати барои саломатӣ ва ҳаёт хатарнок қарор доранд ёрии таъҷилӣ расонад;
4) ба мақомоти тандурустӣ дар ошкор намудан ва ба муассисаҳои табобатӣ овардани шахсони гирифтори бемориҳои рӯ ҳӣ, майзадагӣ, нашъамандӣ, зуҳравӣ, вируси норасоии масунияти бадани инсон (ВИЧ) ё аломати норасогии масунияти бадан (СПИД), ки нисбати онҳо асосҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшуда мавҷуд аст, мусоидат намояд;
5) дар доираи салоҳияти худ дар таъмини амнияти авиатсияи гражданӣ иштирок намояд, фурудгоҳҳо ва иншоотҳои зерсохтории онҳоро ҳифз намояд, барои иҷозат додан ба кор дар хадамоти амнияти авиатсионӣ, ки он ба объектҳои ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин муҳити атроф хатари калон доранд, хулоса пешниҳод намояд.

Моддаи 12. Вазифаҳои политсия оид ба муҳофизати молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Политсия вазифадор аст:
1) молу мулки шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро аз амалҳои ғайриқонунӣ, ҳимоя намояд.
2) нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, ашёҳо, молҳои арзишнок, хазина ва дигар молу мулки дарёфтшударо, ки ба политсия супорида шудаанд, таъмин намояд ва то ба ихтиёри мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори дахлдор супоридан, инчунин барои ба соҳибони қонуниашон баргардонидан тадбирҳо меандешад.

Моддаи 13. Вазифаҳои политсия дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо
Политсия вазифадор аст:
1) ариза, хабар ва дигар маълумотҳоро (аз ҷумла, дар шакли электронӣ) дар бораи ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва шахсони онҳоро содиркарда қабул намуда, ба қайд гирад, талон-огоҳинома дода, санҷиш гузаронад ва аз натиҷаи баррасии аризаю муроҷиатҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муроҷиаткунандагон хабар диҳад;
2) ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро пешгирӣ ва ошкор намояд;
3) ҷазои маъмуриро таъин ва иҷро намояд;
4) дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ тибқи тобеияти тафтишотӣ, ки Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ гузаронад, омодасозии босурати маводҳоро барои баррасии судӣ амалӣ намояд, дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок намояд, аз оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ рад кунад, ё ин ки аз рӯ и тобеияти тафтишотӣ ирсол намояд;
5) бақайдгирии ягонаи ҷиноятҳо, шахсони ҷиноят содиркардаро ба роҳ монад;
6) шахсони ҷиноят содиркардаи аз таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд пинҳоншуда, аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ саркашинамуда, бедарак гумшударо ҷустуҷӯ намояд, шахсияти ҷасадҳои шинохтанашуда ва ҷойи молу мулки аз ҷониби суд мусодирашавандаро муайян намояд;
7) ҷойи қарор доштани шахсони рабудашуда ва ба гарав гирифташударо муайян карда, барои озод намудани онҳо тадбирҳо андешад;
8) доир ба муайян ва ошкор намудани муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва мусодира намудани онҳо чораҳо андешад, нигоҳдорӣ ва нобудсозии онҳоро амалӣ намояд;
9) дар доираи салоҳият пешбурди парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ амалӣ намояд;
10) шахсони дастгиршуда, ҳабсшуда ва шахсонеро, ки нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҳабси маъмурӣ татбиқ шудааст, посбонӣ, нигаҳдорӣ ва муҳофизат намояд;
11) дар доираи салоҳияти худ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ экспертизаҳои судии давлатӣ, инчунин аз рӯи маводи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ тадқиқоти илмӣ-техникӣ гузаронад;
12) фаъолияти экспертӣ ва ташхисӣ-криминалистиро амалӣ намояд;
13) фаъолияти бақайдгирии давлатии ҳатмӣ ва ихтиёрии дактилоскопӣ, аз ҷумла ҷасадҳои шахсияташон номаълум ва бақайдгирии геномиро (ирсиро) амалӣ намояд;
14) нисбати шахсоне, ки бинобар ҳолати саломатӣ, синну сол ё дигар сабабҳо дар бораи худ маълумот дода наметавонанд ва барои муайян намудани ҷасадҳои шахсияташтон номаълум, тадбирҳои ҳаммонандкунӣ андешад;
15) амалҳои терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва лавозимоти ҷангиро огоҳ, пешгирӣ ва ошкор намояд;
16) дар амалиётҳои зиддитеррористӣ ва зиддиэкстремистӣ иштирок намояд.

Моддаи 14. Вазифаҳои политсия оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ
Политсия вазифадор аст:
1) ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятиро таъмин намояд;
2) ҳангоми баргузории чорабиниҳои сиёсӣ, оммавӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳо якҷоя бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амният ва тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд;
3) дар доираи салоҳияти худ назорати рафтори шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озод шударо амалӣ намояд, дар назоратбарии рафтори маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои бе маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардидааст ё мавқуф гузоштани адои ҷазо татбиқ шудааст, иштирок намояд.

Моддаи 15. Вазифаҳои политсия оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Политсия вазифадор аст:
1) бехатарии ҳаракатро дар роҳҳо ба танзим дарорад ва назорати давлатиро таъмин намояд, воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва дигар нақлиёти муҳаррикдорро ба қайд гирад, қабули имтиҳонот ва додани шаҳодатномаҳои ронандагӣ, аз ҷумла байналмилалиро амалӣ намояд, муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиётиро гузаронад, санҷиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро гузаронад, назорати онро амалӣ намояд ва бо тартиби муқарраргардида воситаҳои нақлиётиро роҳбаладӣ намояд;
2) ҳодиса ва садамаҳои нақлиётиро бақайд гирифта, пешбурди ҳисоботи омории онро ба роҳ монад;
3) барои интиқоли борҳои махсус иҷозатнома диҳад, хатсайрҳои интиқоли борҳои хатарнок, калонҳаҷм ва гаронвазнро мувофиқа намояд, барои истифодабарии воситаҳои нақлиёти автомобилии сиёҳшиша иҷозат диҳад, рафти тайёркунии ронандагонро назорат барад, барои тайёр кардани кортҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, аз ҷумла шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, талон ба онҳо, иҷозатномаи муваққатӣ, гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт, аломатҳои бақайдгирии давлатӣ, маълумотнома - ҳисобҳо ва дигар маҳсулоти махсусе, ки барои иҷозат додан ба ҳаракат дар роҳ, инчунин дар корҳои васлкунӣ ва истифодабарии воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ зарур, ҳамчун фармоишгари давлатӣ баромад намояд.

Моддаи 16. Вазифаҳои политсия оид ба амалӣ намудани назорати нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ
Политсия вазифадор аст:
1) риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳро назорат барад, барои ба даст овардани силоҳи ғайринизомӣ ё хизматӣ ва лавозимоти ҷангии он, нигоҳдорӣ, гирифта гаштан, ҳамлу нақл, ворид намудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани силоҳи мазкур ва лавозимоти он рухсатнома диҳад, барои хариду фурӯши силоҳи ғайринизомӣ ё хизматӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли моддаҳои таркандаи таъиноти саноатӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ иҷозат диҳад, муҳлати онро тамдид намояд, аз нав ба расмият дарорад, боздорад ва бекор кунад;
2) ҷойҳои нигоҳдорӣ ва истифодаи силоҳ, лавозимоти ҷангии он, моддаҳои тарканда, ҳамчунин объектҳоеро, ки дар он ҷо гардиши силоҳ амалӣ мегардад, бо роҳи азназаргузаронӣ назорат намояд, дар сурати ошкор гардидани вайронкунии қоидаҳои муқарраргардида ба шаҳрвандон ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани чунин камбудиҳо амрнома диҳад, ашёҳои зикргардидаро гирад, фаъолияти объектҳои дахлдорро манъ намояд, иҷозатномаҳои додашударо бекор намояд.
Тамоми намудҳои силоҳи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо ва дар соҳибияти шаҳрвандон бударо бо роҳи тирпаронӣ ба қайди ягонаи тиру гилзадонии Вазорати корҳои дохилӣ ворид намояд;
3) қабул, нигоҳдорӣ ва нобудсозии силоҳи оташфишон, газӣ, сард, дигар силоҳ ва лавозимоти ҷангии онҳо, дастгоҳҳо ва моддаҳои таркандаи ихтиёран супоридашуда, дарёфтгардида ва мусодирашударо амалӣ намояд.

Моддаи 17. Вазифаҳои политсия дар шароити ҳолати фавқулода
Политсия вазифадор аст:
1) ҳангоми ҷорӣ гардидани вазъияти фавқуллода тартибот ва амнияти ҷамъиятиро таъмин намояд;
2) дар чорабиниҳо оид ба рафъи оқибати садамаҳо, сӯхтору офатҳои табиӣ ва дигар ҳодисаҳои фавқулода, наҷот додани одамон ва расонидани кӯмак ба онҳо, ҳифзи молу мулки беназоратмонда, дар сурати ҷорӣ намудани вазъияти фавқулода ё ҳолати ҷанг дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳудуди алоҳидаи он, дар таъмини низом, инчунин дар ҳолати эпидемия ва эпизоотияҳо дар гузаронидани чорабиниҳои карантинӣ иштирок намояд.

Моддаи 18. Вазифаҳои политсия оид ба амалисозии чораҳои маҷбуркунӣ
Политсия вазифадор аст:
1) супоришҳои хаттии роҳбари мақоми тафтишот, муфаттиш, мақоми таҳқиқро дар бораи пешбурди ҳаракатҳои тафтишотии алоҳида, гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, дастгир кардани шахсони дар содир кардани ҷиноят гумонбар ва айбдоршаванда, дар бораи пешбурди дигар ҳаракатҳои мурофиавӣ, овардани шаҳрвандон барои гузаронидани ташхисҳои судӣ - равонпизишкӣ (психиатрӣ) дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ амалӣ намояд;
2) қарорҳои (таъиноти) судиро (судяро) дар бораи ҳабси маъмурӣ, маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт, ба подош гирифтан ё мусодира намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро, иҷро намояд;
3) таъиноти судӣ (судя) ва қарорҳои прокурорҳо, таҳқиқбарандагон ва муфаттишон, қарорҳои Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро дар бораи маҷбуран овардани ноболиғон, падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда, ки аз ҳозир шудан бо даъвати онҳо саркашӣ менамоянд, иҷро намояд.

Моддаи 19. Вазифаҳои политсия оид ба амалӣ намудани фаъолияти шиносномавӣ, бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ ва масъалаҳои шаҳрвандӣ
Политсия вазифадор аст:
1) додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди зист гузоштан, баҳисобгирӣ ва аз қайди зист баровардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати маваққатӣ ё доимӣ доранд, амалӣ намудани фаъолияти суроғавӣ-маълумотдиҳӣ, назорати риояи Қоидаҳои реҷаи шиносномавӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро ба роҳ монад;
2) аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандӣ ва хориҷӣ баррасӣ намояд;
3) аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ оид ба даъват намудани шаҳрвандони хориҷӣ аз хориҷаро баррасӣ намояд;
4) аризаи шаҳрвандон оид ба қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хориҷ шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд, оид ба муайян намудани мансубият ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои дахлдорро диҳад;
5) шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро ба қайд гирад, аризаи онҳоро оид ба истиқоматӣ доимӣ ва ба қайди зист гузоштан баррасӣ намояд;
6) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои ворид шудан ба минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатнома диҳад;
7) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ барои истиқоматӣ доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санади зист диҳад ва барои баромадан ва ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони бешаҳрвандӣ ҳуҷҷатҳоро барасмият дарорад;
8) ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ мақоми гуреза диҳад ва ба шахсони паноҳҷӯ янда ҳуҷҷатҳои лозимӣ диҳад, Марказҳои муваққатии нигоҳдории шахсони паноҳҷӯ яндаро таъсис диҳад;
9) риояи Қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба тариқи транзитӣ убур намудани онҳоро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат барад, барои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар давраи муайян кардани шахсият, инчунин барои онҳое, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешаванд, Марказҳо таъсис диҳад, инчунин дар доираи ваколатҳои худ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ чораҳои маъмурӣ андешад.

Моддаи 20. Вазифаи политсия оид ба амалисозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ
Политсия вазифадор аст:
Бо мақсади огоҳонидан, пешгирӣ намудан, ошкор кардан ва кушодани ҷиноятҳо, таъмини амнияти шахсӣ, инчунин бо дигар мақсадҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронад.
Моддаи 21. Вазифаҳои политсия оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон
Политсия вазифадор аст:
1) дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкунии кӯдаконро пешгирӣ намояд;
2) шахсони ба синни 18 солагӣ нарасидаи шахсияташон муайян набуда ва ҷинояти начандон вазнин содир кардаро, инчунин ноболиғоне, ки ҷиноят содир кардаанд, вале ба синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад, нарасидаанд, ба қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон ҷойгир намояд;
3) ноболиғонеро, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир кардаанд, ба Шӯъбаҳои шаҳрию ноҳиявии нозироти политсия таҳвил намояд, барои аз тарафи ноболиғон содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ нисбат ба падар ё модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда маводи дахлдор тартиб диҳад;
4) аз болои ноболиғоне, ки аз ҷазо озод гардидаанд, бо татбиқи чораҳои маҷбуркунонии таъсиррасонии тарбиявӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудаанд, аз иҷрои ҷазо шартан пеш аз муҳлат озод шудаанд, ё нисбати онҳо қарор дар бораи шартан татбиқ накардани ҷазо қабул шудааст, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор назорат барад.

Моддаи 22. Вазифаҳои политсия нисбат ба ҷабрдидагони ҷиноят
Политсия вазифадор аст:
1. Нисбат ба ҷабрдидагони ҷиноят ва дигар шахсоне, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудаанд, муносибати хайрхоҳона ва эҳтиромона зоҳир намояд, ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои зерин мусоидат ва кӯмак намояд:
- ҳимояи давлатии ҷабрдидагони мурофиаи судии ҷиноятиро таъмин намояд;
- дастрасии ҷабрдидагонро ба адолати судӣ, ҳуқуқи ҷуброни зарар ба онҳоро бо роҳи қабул, бақайдгирӣ ва ҳаллу фасли муроҷиати онҳо амалӣ намояд;
- ҷабрдидагонро аз ҳуқуқи талаб кардани ҷуброни зарар ва ҳимояи ҳуқуқӣ воқиф намояд;
- дар бораи имконияти гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ, моддӣ, тиббӣ, равонӣ (психологӣ) ва иҷтимоӣ ҷабрдидагонро огоҳ намояд;
- дар сурати мавҷуд набудани имконияти расонидани кӯмаки тиббӣ дар маҳал, фиристонидани ҷабрдидаро ба муассисаҳои тиббӣ амалӣ намояд;
- ҳангоми зарурат ба ҷойи истиқомат фиристодани ҷабрдидаро таъмин намояд;
- бо дархости ҷабрдида, санҷиши бехатарии манзили ӯро гузаронад, муҳофизати маҳал ва манзили ӯро ташкил намояд, дар сурати мавҷуд будани хавфи асосноки такроршавии сӯйиқасд ё таъсиррасонӣ аз тарафи гумонбарон ё айбдоршавандагон, муҳофизати ҷисмонии ӯро таъмин намояд;
- ҷабрдидагонро аз нақши онҳо дар давраи тафтиши пешакӣ ва мурофиаи судӣ, инчунин ҳуқуқи гирифтани иттилоот дар бораи муҳлатҳо огоҳ намояд.
2. Ҳифзи иттилоотро нисбати ҷабрдида таъмин намояд ва дар ин бора ба ӯ хабар диҳад.
3. Пас аз иҷрои расмиёт ҳама молу мулки ҷабрдидаро аз рӯйи мансубият бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас гардонад.
Моддаи 23. Вазифаҳои политсия дар дигар самтҳои фаъолият:
Политсия вазифадор аст:
а) дар фаъолияти худ ҳифзи сирри давлатӣ ва хизматиро таъмин намояд;
б) ҷиҳати такмил додани усулҳои идоракунӣ, тайёрии ибтидоӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон, фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ барад;
в) татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи табиат ва бехатарии экологиро таъмин намояд;
г) фаъолияти иҷозатномадиҳиродар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷозатдиҳиро дар асоси Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» амалӣ намояд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика