Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5-ошёнагӣ ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ ....
12.09.2018 14:50 953


  12-уми сентябри соли 2018 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру ....
12.09.2018 14:50 895


Ҳамватанони гиромӣ! Мулоқоти навбатии мову шумо ба рӯзҳои солгарди бистуҳафтуми истиқлолияти давлатии кишвари азизамон мувофиқ омад. Ду рӯз пеш дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз ба ифтихори ин ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ тантанаҳои идона баргузор гардиданд. Бо истифода аз фурсат, ....
11.09.2018 15:28 1013


Ҳамдиёрони азиз! Пеш аз ҳама, тамоми сокинони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ ва ҳар яки шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати солгарди бисту ҳафтуми истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки аз баракати соҳибистиқлоливу сулҳу суботи комил дар ....
11.09.2018 11:18 883


11-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оғози расмӣ бахшиданд. Бинои нав аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи зебою ....
11.09.2018 11:12 814


Муҳтарам аҳли маорифи ноҳияи Ванҷ! Омӯзгорон ва шогирдони азиз! Ҳоло мо дар мактаби навбунёди замонавӣ, ки ба ифтихори бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дарҳои худро барои шогирдони хуштолеъамон боз намудааст, қарор дорем. Ба ин муносибат, ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Ванҷ ва шумо - ....
11.09.2018 11:11 872


Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ....
11.09.2018 11:10 776


9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, ....
11.09.2018 10:58 829


Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 6 сентябри соли 2018 дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави меҳмонхонаи замонавиро ба истифода доданд. Меҳмонхона аз ....
06.09.2018 17:16 993




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

qonun011

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика