Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз табиати нотакрори Тоҷикистон 10.06.2021 18:40, ноҳияи Варзоб

1276

10 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд.

Дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тозаи ин мавзеъ ба руҳи инсон ҳаловат мебахшад. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони мулоқот, сайру гашт ва тамошои меҳмонони сатҳи олӣ, аз ҷумла Сарони давлатҳои хориҷ гардидааст.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ - муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.

Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, кишвари мо дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст ва Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика