Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

1226

29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истамбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, илм ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар ин арсаҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар муҳим хоҳад буд.

Сохтмони нақби “Истиқлол” яке аз намунаҳои мусбати ҳамкориҳои байни ду кишвар арзёбӣ гардид. Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи Қарордод “Дар хусуси анҷоми марҳилаи дуюми лоиҳаи нақби Истиқлол” корҳо дар самти такмили сохтмони ин нақб то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба анҷом хоҳанд расид.

Дар робита ба равандҳои шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геостратегӣ, афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ ва вазъи Афғонистон, роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика