Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ дар шаҳри Кӯлоб

79511 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази мазкур дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ - Истиқлолияти давлатӣ ифтитоҳ ёфта, тӯҳфаи арзандаи соҳибкорони ватанӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гардид.

Маркази муосири истироҳативу фароғатӣ дорои меҳмонхона бо 20 кати хоб, тарабхона, чойхонаи миллӣ, фаввора ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Баъди ифтитоҳи марказ дар ин ҷо 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд, ки дар роҳи бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ иқдоми шоиста мебошад.

Дар марказ имкони қабули меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ фароҳам аст. Барои ба стандартҳои ҷаҳонии хизматрасонӣ мутобиқ кардани маҷмаа саҳни ҳавлӣ, бино ва ҳуҷраҳои он бо нақшу нигори миллӣ ва дигар ороишоти хос, сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳри обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси шаҳр сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, як зумра биноҳо дар доираи сафари кории Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика