Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» дар шаҳри Кӯлоб

78711 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқи дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, таҷҳизоти набзченкунӣ, кардиомонитор ва таҷҳизоти фишорсанҷӣ муҷҷаҳаз мебошад.

Маркази мазкур дорои шуъбаи машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо ва гушаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, шӯъбаи эҳё ва наҷот, шӯъбаи бемориҳои ишемявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва дармонгоҳ мебошад.

Иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешгирӣ аз сухтор муҷаҳҳаз буда, бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо масъулини соҳаи тиб, суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика