Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Раҳимзода Рамазон Ҳамро - генерал-полковники милитсия. 25-уми апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзӣ, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Россияро хатм кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба ӯҳда дошт.

Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият намудааст.

Соли 2005 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намудааст.

Моҳи апрели соли 2008 Раҳимзода Рамазон Ҳамро мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

Баъди як соли фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо унвон ва мукофотҳои давлатии зерин сарфароз гардидааст:

- Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001;

- номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот, соли 2001;

- ордени «Спитамен», дараҷаи 1, соли 2004;

- ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;

- корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010;

- «аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон», соли 2013; 

- ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи 2, соли 2013;

- аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ. (член - корреспондент  Всемирная Академия Наук Комплексной Безопасности), соли 2012.

Ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012, Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

Санаи 20 ноябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав ба вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32 аз 3-юми ноябри соли 2020 Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб адои вазифа намуда истодааст.


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика