Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди

160Нимаи дуюми рӯзи 9 июн дар шаҳри Чиндао дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди мулоқоти самимию судманд анҷом дода, маҷмуъи васеи масоили ҳамкориро баррасӣ карданд.

Сарвари давлат аз сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду давлат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамёрии кишварҳо дар чорчӯбаи СҲШ боз як омили пешбурди ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон хоҳад шуд.

Ҷонибҳо таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодиро муҳим маънидод карда, дар раванди пешбурди онҳо идомаи фаъолияти самарабахши муносибатҳои байнипарламентӣ ва Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омодааст, сармояи ҳиндустониро барои татбиқи лоиҳаҳои зерсохториву истеҳсолӣ, тиҷоративу хизматрасонии худ ва татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, бахусус тавлиди энергияи таҷдидшаванда, таъсиси корхонаҳои муштараки бахшҳои мухталифи истеҳсолӣ,ҷалб намояд.

Афзоиши шумораи парвозҳои мустақими байни Душанбеву Деҳлӣ, истифодаи имкониятҳои зиёди Тоҷикистон баҳри тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои туризм, густариши ҳамкорӣ ва табодули таҷриба дар соҳаи тиб, барои мардумон муҳиму манфиатбахш арзёбӣ гардид.

Таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ дар ҷодаи таъсиси марказҳои муштараки ташхисию муолиҷавӣ, бахшҳои гуманитариву фарҳангӣ ва маориф бар нафъи ҳар ду кишвар судовар маънидод карда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин масъалаи таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ҳамчун омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика