Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин

1599 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғози суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро барои такроран ба маснади Раиси ҷумҳур интихоб шуданашон табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки ӯ минбаъд низ барои таҳкиму тавсеаи муносиботи шарикию стратегии ду кишвар талош хоҳад кард.

Сарвари давлат барои саҳми муносиби Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ изҳори сипос карданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки маҷмуъи санадҳои қаблан имзошуда барои амалӣ кардани нақшаву барномаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва барои аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ - аграрӣ табдил додани мамлакат, саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкорӣ дар масъалаи ҷалби сармояи чинӣ дар соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, оғози татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии “Фон Яғноб” бо иқтидори 600 мегаватт, лоиҳаи сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ баҳои баланд доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи боло бардоштани ҳаҷми гардиши мол, афзоиши содирот ба бозори Чин, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, барои расидан ба ин ҳадафҳо пешниҳод гардид, ки фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъол карда шавад.

Зимни мулоқот дигар мавзуъҳои муҳими ҳамкорӣ, дар бахшҳои ҷалби сармояи чинӣ баҳри рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, зарурати баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории минтақавию байналмилалӣ инчунин масъалаҳои робитаҳои муштарак дар самти мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамёриро дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои ҷаҳонӣ муҳокима карданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика