Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

1559 июн дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карда, вазъ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорию ҳамҷавориро муҳокима карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли мушкилоти глобалию минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд ва ба рушди муносибатҳо дар самти таъмини амнияту суботи байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳанд.

Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни давлатҳо, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ - СASA–1000, фаъол кардани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмуъи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим маънидод карданд.

Барои ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ пешниҳод карда шуд, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ва Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба манъи фаъолияти хоҷагидорӣ дар масири хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то охири анҷоми марҳилаи муайян ва ҷудо кардани хатти сарҳад, ба имзо расад. Ба гузаргоҳи сарҳадии “Қарамиқ” додани мақоми байналмилалӣ барои ҳалли аксар масъалаҳои марбути муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ муҳим зарур шумурда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, робитаҳои нақлиётӣ, транзитӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика