Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд

89Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашни ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд-ҷавонон, аҳли илму фарҳангу адаб ва зиёиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва фазои шукӯҳманди наврӯзи пазироӣ намуданд.

Гурӯҳи ҷавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иҷрои суннатҳои Наврӯзи аҷдодӣ, шукргузорию ифтихори хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум намуданд, ки таҷассумгару ифодагари пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ҳадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Сугд шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, иштирок дар маросими ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ободиву ҷилои тоза, сарсабзию шукуфтанҳо аз файзи соҳибистиқлолии кишвар ба ифтихори Наврузи ҷаҳонӣ ва ташрифи Пешвои миллат қабои идона ба бар карда, сокинони вилоят бо шодиву нишот ба кӯчаҳо баромада, Президенти маҳбуби худро истиқбол намуданд.

Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, фазои сулҳу суботи сартосарии мамлакат ва ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон беҳтар гардид. Аҳли ҷомеаи вилояти Суғд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар, сарҷамъ намудани халқи тоҷик арҷ мегузоранд. Истиқболи самимии сокинони вилоят нишон аз пуштибонии комили сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошад.

 

http://www.president.tj/node/17418




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика