Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

86Шоми рӯзи 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки наврӯзи имсола аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид. Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои мардуми Панҷакент ёдовар шуда, ҳамаи онро аз баракати ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд.

Изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷакент бо кору пайкори созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми наврӯзро бо ҷашни бошукуҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтанд.

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷакент ва бо барномаи театрикунонидашудаи тараннумгари фарҳанги наврӯзӣ аҷам хеле бошукуҳ ва хотирмон баргузор гардид.

 

http://www.president.tj/search-1/20180328




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика