Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

8226 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст аз руи масъала “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019”, гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шаҳри Душанбе, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Ширкати Барқи тоҷик ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар барои татбиқи саривақтӣ ва гузаронидани чорабиниҳо “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018” изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2017 баъди ба истифода додани маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва пайваст кардани шабакаҳои гармӣ ба манзилҳои истиқоматӣ аз руи сарфаи неруи барқ дар мамлакат маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ пурра бардошта шуд.

Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 ҷиҳати захираи ангишт, истифода ва татбиқи иқтидорҳои нав аз ҳисоби Неругоҳҳои нави барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, омода кардани ҳамаи соҳаҳои иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бахшҳои маорифу тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷоннок кардани фаъолияти сохторҳои Раёсати оташхомушкунии ҷумҳурӣ, инчунин бунёди иншооти зиддитармавӣ дар минтақаҳои куҳӣ, супоришҳои мушаххас доданд.

Дар бораи Номгӯй ва миқдори техника, нақлиёти махсуси коммуналию мусофиркашонӣ, нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва автомобилҳои сабукрави назоратӣ, ки аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, гузориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ шунида шуд.

Дар бораи Қоидаҳои муайян кардани обектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо бошад, гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода шунида шуд.

Лоиҳаи қарори мазкур асос ва тартиби ба муомилоти гражданӣ баровардани обектҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии нотамомро новобаста аз сарчашмаи маблағгузорӣ, шакли моликият ва таъиноташ ба танзим медарорад.

Аъзои Ҳукумати кишвар 8 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар хусуси лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи қувваи корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дастур доданд, ки бо дарназардошти мавҷуд будани қувва кофии меҳнат ва бо риояи ҳамагуна қонунгузориҳо, сабукиҳои рафтуомади шаҳрвандон байни кишварҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба, тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин оид ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи лоиҳаи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Дар бораи Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Дар бораи Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баррасӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” бошад, гуфта шуд, ки Мақсади таъсиси ин ниҳод омӯзиш ва ба роҳ мондани мониторинги доимии пиряхҳо ва сарчашмаҳои дигари обии Тоҷикистон мебошад.

Ба роҳ мондани фаъолияти Маркази омӯзиши пиряхҳо барои татбиқ намудани Қатъномаи СММ оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, мусоидати бевосита мерасонад, зеро пиряхҳо манбаи асосии захираҳои обӣ буда, таҳқиқу омӯзиш ва мониторинги доимии онҳо на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки давлатҳои поёноб аҳамияти басо муҳим дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва Қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.

Супоришҳои дигар ба Ҳукумати мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, ба хусус дар пойтахти мамлакат, омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, вусъати корҳои саҳроӣ, дар сатҳи зарурӣ доир кардани кишту кори баҳорӣ, дода шуд.

 

http://www.president.tj/node/17383




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun1

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика