Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вохӯрӣ бо намояндагони Ҷумҳурии Федеративии Олмон

253

Рӯзи 20-уми августи соли 2019 дар доираи ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳайати намояндагони Олмон таҳти роҳбарии ҷаноби Волфганг Хаммер – сардори шуъбаи баргардонидани шахсон оид ба Аврупо ва Осиёи Вазорати федеролии корҳои дохилии Олмон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

254

Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон Елена Ланге-Братанова, Петер Шмидт ва Кнут Штайнхойзер иштирок доштанд.
Дар гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Аслиддин Давлаталӣ, сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Наврӯз, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Толибҷон Ҳалимович ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаи Тавоқуфномаро байни Вазорати федеролии корҳои дохилӣ, сохтмон ва тараққиёти маҷмааи кишвари Олмон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозпасгардонӣ (реадмиссия) баррасӣ намуданд.
Вобаста ба мавзӯи мазкур тарафҳо ба мувофиқа омада, изҳор намуданд, ки баъди омӯзиши навбатӣ лоиҳаи Тавоқуфнома дар ҳарду кишвар бори дигар баррасӣ гардида, барои барасмият даровардан ба сохторҳои лозима пешниҳод карда мешавад.

255256

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Музоядаи фуруши аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт

    Музоядаи фуруши аломатҳои ба қайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт

    28.01.2020 17:23
  • Семинар-машварат барои кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ

    Бо ташаббуси роҳбарияти Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва РВКД дар ....

    28.01.2020 15:53
  • Рушди ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеа

    Рӯзи 28-уми январи соли 2020 сардори ШВКД дар ноҳияи Нӯробод ....

    28.01.2020 14:36
  • Ошкор шудани дуздии маблағу ҳуҷҷатҳо аз дохили сандуқи чӯбин

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза марди ....

    28.01.2020 09:21
  • Пахш намудани пиёдагард аз ҷониби ронандаи «Хундай-Солярис»

    Рўзи 27-уми январи соли 2020, тахминан соати 06:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    28.01.2020 09:16
  • Дилгармии насли наврас ба омӯзиши илмҳо дар литсейи «Раҳнамо»

    Хушбахтона бо мададу дастгирии роҳбарияти Ҳукумати кишвар шароити муассисаҳои таълимии ....

    27.01.2020 16:46
  • Содир намудани кирдори ҷиноӣ аз ҳиссиёти авбошӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи ....

    27.01.2020 12:05
  • Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ....

    27.01.2020 12:03
  • Тайёр кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазғҳои қимматноки ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони ....

    27.01.2020 12:02
  • Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 26-уми январи соли 2020, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи ....

    27.01.2020 11:59
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • Ба таваҷҷуҳи ронандагон!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон, алалхусус ронандагони ....

    22.11.2019 14:39
  • ЭЪЛОН! Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    18.11.2019 09:46
  • Эълон! Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани иқтидори ҳамкории ....

     Аз 3-юм то 5-уми октябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳамоҳангсози ....

    02.10.2019 14:17
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика