Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушду густариш ёфтани ҳамкориҳо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ

208

Рӯзи 1-уми апрели соли 2019 вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати таҳқиқоти ин Вазорат генерал Босим Карим Мусо баргузор гардид. 

Нахуст, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир дар ҳамбастагию ҳамкорӣ ва дастаҷамъона мубориза бурдан натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳад овард.

209210

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хавфнок мавриди баррасӣ қарор дода, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

211

Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика