Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешгирии ҷинояткорӣ дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ

09

Рӯзи 26-уми марти соли 2019 муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, роҳбарияти раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД ва котиби дуюми шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷӣ Муродбек Асламзода бо директори фарогирии глобалӣ ва дастгирии минтақавии Котиботи генералии Интерпол Рорейма Андрианӣ ва ҳайати гурӯҳи кории он вохӯрӣ намуданд.

Икром Умарзода меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю кӯшишҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи созишномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба имзо расидаанд, рӯз то рӯз ҳамкориҳои судманди Бюрои марказии миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо Котиботи генералии Интерпол қавитар мегардад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба, ошкору пешгирии ҷиноятҳо, дастгиру безараргардонии ташкилоту гурӯҳҳои хусусияти террористиву эктремистидошта, мубодилаи иттилоот, боздошти ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, инчунин ҷиҳозонидани сохторҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири корбарӣ ибрози андеша намуданд.

1011

Директори фарогирии глобалӣ ва дастгирии минтақавии Котиботи генералии Интерпол Рорейма Андрианӣ дар навбати худ зикр кард, ки баҳри пешбурди самти фаъолият ва ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав роҳбарияти Котиботи генералии Интерпол омода аст тамоми дастгириву кумаки худро расонад ва дар безараргардонии ташкилоту гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва пешгирии ҷинояткорӣ саҳмгузор бошад.
Дар фарҷом ҷонибҳо бо итминон иброз доштанд, ки ин вохӯрӣ дар қавитар гардидани ҳамкориҳои минбаъда нақши муҳим хоҳад гузошт.

Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика