Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҳайати Вазорати федералии корҳои дохилии Олмон

127

1 ноябри соли 2018 мулоқоти муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо ҳайати Вазорати федералии корҳои дохилӣ, сохтмон ва рушди минтақавии Олмон (BMI) таҳти роҳбарии Сардори ситод оид ба бозпасгардонии паноҳҷӯёни Вазорати федералии корҳои дохилии Олмон ҷаноби Кристиан Клос доир гардид. Дар вохӯрӣ ҳамчунин Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Найтҳарт Хёфер-Виссинг, корманди Шуъбаи бозпасгардонии муҳоҷирон ба кишварҳои Аврупо ва Осиё Рабеа Квартсбарт, намояндаи Хадамоти муҳоҷират ва кор бо хориҷиёни замини федералии Рейни Шимолӣ-Вестфалия хонум Петра Вебер ва дигар шахсони ваколатдор ҳузур доштанд. 

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, ашхоси мавриди ҷустуҷӯи байналмилалӣ, аз ҷумла тавассути "Интерпол" қарордошта, ҳамчунин муҳоҷирати қонунӣ ва бозпасгардонии паноҳандагон ба таври эхтиёрӣ ба кишвараҳояшон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ҳамзамон, тарафҳо дар хусуси баимзорасонии “Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон оид ба ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният” ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба рушди бемайлони робитаҳои ҳасана ва тавсеаи он миёни ниҳодҳои қудратии ҳарду кишвар изҳори умедворӣ карда шуд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Сангинова Наргис, капитани милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика