Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Рушд ёфтани ҳамкориҳои судманд

102

Имрӯз (29.05.с.2018), муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистон, таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши ин кишвар генерал Зубайр Маҳмуд Ҳаят, вохӯрӣ доир намуд.
Сараввал, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода Абдураҳмон, намояндагони Ҷумҳурии Исломии Покистонро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки мардуми Покистону Тоҷикистон бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону давлати Покистон бо манбаи пуриқтидори шартномавӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шуда, зиёда аз 50 санади муҳим ба имзо расонида шудааст.

103

Баимзорасии як қатор созишномаҳои дахлдор барои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯз, терроризм ва экстремизм, ки яке аз мушкилоти глобалии тамоми сайёра гардидааст, мусоидат хоҳад кард.
Дар навбати худ ҷаноби Зубайр Маҳмуд Ҳаят барои пазироии самимона изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки ҷониби Покистон ҷиҳати рушду нумӯъ ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳ манфиатдор буда, дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, ҳамеша омода аст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили таҳким ёфтани ҳамкориҳои тарафайн дар мубориза бо терроризму экстремизм, мубодилаи иттилоот ва дигар намуди ҷиноятҳои фаромиллӣ мубодилаи афкор намуданд.
Мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Рухшона Шукурова




Рӯйдодҳо

  • Нақши Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода кардани кадрҳои ....

    Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таълим ....

    06.08.2020 10:32
  • Бо роҳи фиреб гирифтани 6 ҳазор доллари амрикоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Рушон бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    06.08.2020 10:26
  • Садамаҳои нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Кӯшониён

    Санаи 5-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.08.2020 10:24
  • Ваҳдат – омили таҳкими ҷомеа

    Ҳар миллат дар таърихи худ рӯйдодҳо ва санаҳои муҳиме дорад ....

    05.08.2020 13:51
  • Тасарруф намудани гарданбанди тиллоӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Сино-2 аризаи зани 36-солаи сокини шаҳри ....

    05.08.2020 10:44
  • Ошкор шудани дуздии чорво

    Ба ШВКД дар ноҳияи Темурмалик бо ариза марди 56-солаи сокини ....

    05.08.2020 10:43
  • Муайян гардидани ҳолатҳои қаллобӣ ба маблағи махсусан калон

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 24-солаи сокини ....

    05.08.2020 10:42
  • Хатлон: Пешсудшуда боз даст ба ҷиноят зад

    Мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, таъмини тартибот ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ....

    04.08.2020 11:02
  • Ошкор шудани якчанд кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 41-солаи сокини ....

    04.08.2020 10:12
  • Ҳалокати 4 нафар бар асари сарозер шудани автомашина ба чуқурии ....

    Рӯзи 3-юми августи соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    04.08.2020 10:11
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика