Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини ёвари Котиби давлатии Бюрои давлатии департаменти ИМА Генри Эншер

99

3 майи соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини ёвари Котиби давлатии Бюрои давлатии департаменти ИМА оид ба корҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҷаноби Генри Эншер ва намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Нахуст Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ пайваста бо Сафорати ИМА дар ҳамкории хуб қарор дошта, дар ин асно чандин семинару тренингҳои омӯзишӣ барои омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷониби мутахассисони Сафорати ИМА амалӣ гардидаанд.
Ҷаноби Генри Эншер дар навбати худ аз ҳамкориҳои судманд ва мусоидат намудану дастгириҳои роҳбарияти ВКД арзи сипос намуда, қайд кард, ки мо ҳамеша омодаем дар доираи созишномаҳои баимзорасида ва салоҳияти худ ҳарчи бештар барои ошкору пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои замони муосир кӯмак расонем.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо ва дурнамои рушди иқдомҳои муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика