Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири навтаъингардидаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон

430

Имрӯз (27.04.с.2018), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мамедзаде Гасан Дилсуз оғлу мулоқот намуд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Мамедзаде Гасан Дилсуз оғлуро барои ба наздикӣ таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ табрику муборакбод намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромилӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика