Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)

98

Рӯзи 26-уми апрели соли 2018, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хидеки Танабе вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ ба Ҳукумати Ҷопон барои расонидани кӯмаки техникӣ ба Раёсати тиббии ВКД, бозомӯзӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос, такмил додани малакаю маҳорати кормандони милитсия изҳори сипос намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳоеро, ки барои густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба муҳим мебошанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки ҳамкориҳо бо мамлакатҳои дур ва наздики хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии фаъолияти байналмилалии ВКД дар самти муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромилии хатарнокро дар бар мегирад.
Дар навбати худ роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хидеки Танабе изҳор дошт, ки дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир онҳо омодаанд, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамкорӣ намоянд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушду тақвият додани ҳамкориҳои муштарак изҳори боварӣ намуданд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика